ABNA24 : Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 151 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 991 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 164 ҳазору 535 нафар расидааст.
Ҳамчунин то кунун 894 ҳазору 366 нафар аз беморони коронаӣ дар ин кишвар беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 77 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 700 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 54 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.
342/